06.01.2025
Ориёнбонк аз оғози хизматрасонии навшуда барои муштариёни корпоративӣ - “Ориён Бизнес” хабар медиҳад. Ин маҳсулот барои осон кардани идоракунии молияи корпоративӣ ва баланд бардоштани самаранокии равандҳои тиҷорат пешбинӣ шудааст.
Функсияҳо ва бартариятҳои Ориён Бизнес:
• Идоракунии қулайи молиявӣ: Платформа маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои бонкиро ба таври онлайн пешкаш мекунад. Шумо метавонед ҳисобҳоятонро идора кунед, амалиёт анҷом диҳед, пардохтҳои автоматикунонидашударо тартиб дода, гардиши маблағҳоро бидуни рафтан ба бонк назорат кунед.
• Пайвастшавии зуд ва осон: Пайвастшавӣ ба Ориён Бизнес зуд ва бе таъхир амалӣ мегардад.
• Дастгирии касбӣ: Мутахассисони мо омодаанд, ки ба шумо дар ҳама марҳилаҳои татбиқ кӯмак расонанд ва ба ҳама саволҳо оид ба истифодаи платформа ҷавоб диҳанд.
• Мубодилаи асъор: Асъорро бо қурби мусоид зуд ва қулай мебодила намоед.
Тавассути бонкдории интернетии нав амалиётҳоро анҷом диҳед ва 50% аз ҳаққи хизматрасониҳо сарфа кунед. Аз 06.01.2025 Ориёнбонк хизматрасониҳоро тавассути бонкдории интернетии нав ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ин дигаргуниҳо ба Шумо кӯмак мекунанд то ин, ки маблағҳои худро сарфа кунед.
Мо шуморо даъват менамоем, ки бо тарофаҳои нав дар сомонаи: https://business.oriyonbonk.tj/ шинос шавед, то аз ҳама тағйиротҳо бархурдор бошед. Барои гирифтани маълумоти пурра метавонед ба рақами (44) 600-70-35 занед.
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014