ИШТИРОК КУНЕД
ҶСК "Ориёнбонк" воситаҳои пулии шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродиро дар шакли пасандоз/амонат қабул менамояд. Амалиётҳои пасандозӣ/амонатӣ – ин амалиётҳое мебошанд, ки барои ҷалби воситаҳои пулии шахсони воқеӣ ба муҳлатҳои муайян ё бемӯҳлат, бо пардохти фоиз алоқаманданд
Пасандози “Муҳлатнок” ин пасандози муқаррарӣ (классикӣ) бо муҳлатҳои қулайи гузоштани маблағҳо ва меъёри фоизи баланд мебошад. Меъёри фоиз аз муҳлати нигоҳдории пасандоз вобаста аст
Маблағи пасандоз:
aндозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст ба: бо пули миллӣ 500 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 5 000 рубли русӣ
Пур кардани суратҳисоб:
ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз ғайриимкон аст
Пасандози муҳлатноки “Ҷамъшаванда” ин имконияти зиёд намудани маблағи пасандози дар аввал гузошташуда мебошад. Ин намуди пасандоз барои шахсоне қулай аст, ки хоҳиши харид намудани лавозимотеро доранд, ки аз маоши моҳонаашон зиёдтар аст.
Маблағи пасандоз:
aндозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст ба: бо пули миллӣ 500 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 5 000 рубли русӣ
Пур кардани суратҳисоб:
ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз мумкин аст
Пасандози муҳлатноки “Ҷамъшаванда +” ин намуди пасандоз имконияти зам намудани маблағи иловагӣ ба маблағи пасандози дар аввал гузошташударо дорад. Фоизҳо аз рӯзи ворид намудани маблағҳои пулии пасандозгузор ба пасандоз ҳармоҳ ҳисоб карда ба пасандози мазкур ҷамъ (капитализация) карда мешаванд. Пасандози “Ҷамъшаванда +” барои шахсоне қулай аст, ки хоҳиши харид намудани лавозимотеро доранд, ки аз маоши моҳонаашон зиёдтар аст.
Маблағи пасандоз:
aндозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст ба: бо пули миллӣ 500 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 5 000 рубли русӣ
Пур кардани суратҳисоб:
ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз мумкин аст
Пасандози муҳлатноки “Даромаднок” имконияти беназири ба даст овардани фоизҳои баландтар нисбат ба дигар намудҳои пасандозро, ки ба муҳлатҳои якхела гузошта шудаанд, медиҳад.
Маблағи пасандоз:
aндозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст ба: бо пули миллӣ 1000 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 6 000 рубли русӣ
Пур кардани суратҳисоб:
ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз ғайриимкон аст
Пасандози муҳлатноки “Наврасон” имконияти ҷамъ (захира) намудани маблағҳоро барои фарзандонатон медиҳад ва ҳамчунин ояндаи беҳтар ва дурахшони онҳоро таъмин менамояд.
Маблағи пасандоз:
• aндозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст ба: бо пули миллӣ 300 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 50 доллари ИМА, 50 евро ва ё 3 000 рубли русӣ
• барои ятимон - 150 сомонӣ, 30 доллари ИМА, 30 евро ё 2000 рубли русӣ бо пули миллӣ
Пур кардани суратҳисоб:
ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз мумкин аст
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” дар суратҳисобҳои бонкӣ бо пуллӣ ва асъори хориҷӣ гузоштаи пасндоздорон аз ҷумла: шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайтитиҷоратӣ. Ҷубронпулии суғуртавӣ аз рӯи хоҳиши пасандоздор ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ ба суратҳисоби ӯ на дертар аз 14 рӯз гузаронида мешавад. Андозаи маблағи ҷубронпулӣ баробар ба на бештар аз 35 000 сомониро дар бар мегирад. Амонату пасандозҳои Шумо зери ҳимояи Хазина қарор дорад. Ориёнбонк, ҳамкорӣ ба хотири фардо!
Бехатарӣ ва зиёд шудани маблағҳои Шумо
Ҳаҷми ками пасандози аввалиндараҷа
Имконияти пур (зиёд) намудани амонат
Эътимодияти амонат аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кафолат дода мешавад
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014