04.02.2025
Ҳукумати Тоҷикистон ба қонуни "Дар бораи авф бинобар қонунигардионии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ворид намудааст. Тибқи тағйироти нав, муҳлати амали қонун ба як соли дигар, то санаи 31 декабри соли 2025 тамдид карда мешавад.
Қонуни мазкур имконият медиҳад, то ин ки шаҳрвандон ихтиёран маблағ ва амволи худро эълон кунанд. Дар сурати қонунигардонии дороиҳо, соҳибони онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ, инчунин уҳдадориҳо аз руи андоз, аз ҷумла ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда, озод карда мешаванд. Маълумот дар бораи дороиҳои эълоншуда ва соҳибони онҳо қаттъиян махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва ифшои он танҳо бо қарори суд имконпазир аст.
Қабул ва тамдиди амали ин қонун барои ҷалби сармояи иловагӣ ба низоми молиявию бонкии кишвар равона шудааст. Дар навбати худ, сармояи ҷалбшуда ба афзоиши маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиети Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар раванди қонунигардонӣ ба чунин ҷанбаҳо диққати махсус дода мешавад: таъсиси корхонаҳои нав, тавсеаи сармояи ширкатҳои амалкунанда ва инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ. Ин тадбирҳо инчунин баҳри баланд бардоштани даромади андоз ба буҷети давлатӣ, рушди бозори саҳҳомӣ ва дигар равандҳои асосии иқтисодӣ нигаронида шудаанд.
Чиро қонунӣ кардан мумкин аст?
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд маблағҳои пулиро бо асъори миллӣ ё хориҷӣ, ҳам дар шакли нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ, ки дар гардиши "соягӣ"-и ҳам дохил ва ҳам берун аз кишвар қарор доранд, қонунӣ кунанд. Танҳо маблағҳо ва амволе, ки дар эъломияҳои расмӣ зикр нашудаанд ва аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудаанд, қонунӣ карда мешаванд.
Ба объектҳои қонунигардонидашаванда чунин дороиҳо дохил мешаванд:
• металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд;
• коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд;.
• амволи ғайриманқул, ки бидуни иҷозати дахлдор барои эҳтиёҷоти шахсӣ ё дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ сохта шудааст, инчунин амволи меросӣ, ки боиси баҳсҳо намегардад.
ҶСК " Ориёнбонк "омода аст ба қонунигардонии маблағҳои пулии шумо дар доираи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи авф дар робита ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мусоидат намояд. Дар робита ба ин, Бонк пасандози муҳлатноки «Қонунигардонӣ”-ро пешниҳод менамояд, ки пасандози мазкур ба шумо имконияти медиҳад, ки сармояро бе ситонидани андоз аз даромад нигоҳ доред.
Муфассалтар дар: https://oriyonbonk.tj/tj/individuals/deposits/legal
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014