17.12.2024
Ориёнбонк технологияи нав Tap to Phone-ро ҷорӣ кард, ки ба шумо имкон медиҳад смартфони худро ҳамчун POS-терминали мукаммал барои пардохтҳои бидуни тамос истифода баред. Ин технология, ки аз ҷониби Visa таҳия шудааст, имкон медиҳад, ки муомилот тавассути ламс кардани корт ё смартфони муштарӣ ба смартфони фурӯшанда анҷом дода шаванд. Tap to Phone ин ҳалли универсалӣ барои бисёриҳо дар пешбурди тиҷорат мебошад:
• Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки барои онҳо зуд ва қулай қабул кардани пардохтҳо муҳим аст.
• Хизматрасонии қосидӣ, ки дар он ҷо ҳаракат ва имконияти қабули пардохтҳо дар роҳ омили асосӣ аст.
• Хизматрасонии зебогӣ ва ороишӣ (рассомҳо, сартарошҳо, маникюрҳо), ки бояд ҳаққи хизматро дар ҷояш зуд гиранд.
• Савдо дар куча ва нуқтаҳои сайёр, ки дар ҷойҳои серодам бо гузариши баланд фаъолият мекунанд.
• Нотариусҳо ва адвокатҳо, ки бо мизоҷон дар сафар кор мекунанд.
• Фрилансерҳо, ронандагони таксӣ ва дигар мутахассисони мобилӣ, ки ба таври қулай ва осон ба қабули пардохт дар ҳар лаҳза ниёз доранд.
• Ташкилкунандагони чорабиниҳо, ки маблағи чипта ва хизматрасониро дар шароити серодам қабул мекунанд.
Бартариятҳо барои тиҷорат – бароҳатӣ барои муштариён
Дар шароити рақамикунонӣ, муштариён имконоти пардохти зуд, бехатар ва бидуни тамосро интизоранд. Tap to Phone ин интизориҳои шуморо тавассути пешниҳоди ҳалли оддӣ барои қабули пардохтҳо аз кортҳо ё смартфонҳои муштариён амалӣ мекунад. Ин сатҳи қаноатмандиро баланд мебардорад ва муоширатро бо тиҷорат қулайтар мекунад.
Содда ва дастрас
Бартарии асосии Tap to Phone ин содда будани он аст. Барои он смартфони дорои модули-NFC ва пайвасти устувори интернет кофӣ аст. Насб кардани барнома ҳамагӣ чанд дақиқа вақтро мегирад ва барои иваз кардани бонки хизматрасон ё харидани таҷҳизоти махсус зарурат надорад.
Кам кардани хароҷот
Tap to Phone ба шумо имкон медиҳад, ки арзиши харид ва иҷораи терминалҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳед, ки махсусан барои бешбурди тиҷорати хурду миёна фоиданок аст. Ин технология ба шумо имкон медиҳад, ки хароҷотҳоро коҳиш диҳед ва маблағҳои иловагиро ба дигар соҳаҳои муҳим равона намоед.
Tap to Phone аз Visa — ин на танҳо навоварии технологӣ, балки як имконияти воқеӣ барои тиҷорати хурду миёна ва барои навсозии раванди қабули пардохтҳо мебошад. Он кӯмак мекунад, ки пардохтҳо қулай, дастрас ва фоидаовар бошанд, дар ҳоле, ки ба таври назаррас хариди таҷҳизот ва хароҷоти он кам карда шавад.Татбиқи Tap to Phone кӯмак мекунад, ки тиҷорати шумо самаранок ва муосир шавад.
Барои пайваст шудан тариқи истиноди зерин гузаред: https://cpanel.marta.tj/signup
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014