Logo

Натиҷаи даври чорум ва даври бонусии Иқдоми бузург

10.01.2025

Image

27 декабри соли 2024 ду даври ниҳоии Иқдоми бузург – даври чорум ва даври бонусӣ анҷом ёфтанд, ки таваҷҷӯҳи беандозаи муштариёнро ба худ ҷалб намуданд. Мо шодем, ки даврҳои ниҳоии Иқдомро бо мувафаққият ба анҷом расондем ва ғолибонро муайян намудем!

Ғолибони даври чорум:

1. Ғолибшои Назари Сафарзода, бо қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа, соҳиби хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе гардид.

2. Сафарова Мохкалон Алишеровна, бо қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа, соҳиби электромобили BYD e2 гардид.

3. Эргашева Меҳринисо Муҳаммадсобитовна, низ бо қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа, электромобили BYD e2 – ро ба даст овард.

Ғолибони даври бонусӣ:

1. Саъдуллоев Амриддин Дилшодович, бо иҷрои якчанд шартҳои Иқдом, аз он ҷумла қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа, кушодани суратҳисоби кортӣ ва кушодани суратҳисоби амонатии муҳлатнок, соҳиби хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе гардид.

2. Ибодов Тоҳир Маҳмадшоевич, бо қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа ва кушодани суратҳисоби кортӣ, соҳиби электромобили BYD e2 гардид.

3. Назаров Холназар Талбонович, инчунин бо иҷрои якчанд шартҳои Иқдом, аз он ҷумла қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа, кушодани суратҳисоби кортӣ ва кушодани суратҳисоби амонатии муҳлатнок, соҳиби электромобили BYD e2 гардид.

Мо ҳамаи ғолибонро самимона табрик менамоем ва ба онҳо барои иштироки фаъолонаашон, ташаккур мегӯем!

Ғолибон чи гуна муайян гардиданд:

Интихоби ғолибони даври чорум ва даври бонусии Иқдом тавассути пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram баргузор гардид. Барои таъмини шаффофият ва адолат, барномаи махсуси “Рандомайзер” ҷиҳати муайян намудани ғолибон дар байни ҳамаи иштирокчиёне, ки шартҳои Иқдомро иҷро кардаанд, истифода шуд.

Мо ба ҳамаи иштирокчиёни Иқдом барои иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ баён мекунем! Бо дастгирии Шумо мо тавонистем як иқдоми бисёр шаффоф ва воқеӣ таҳия ва амалӣ намоем.

Ташаккур, ки бо мо ҳастед!

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014