15.05.2025
Душанбе, 2025 — Ориёнбонк платформаи нави OriyonJob-ро муаррифӣ мекунад, ки заминаи мусоидро барои онҳое фароҳам меорад, ки мехоҳанд дар соҳаи бонкдорӣ касб интихоб кунанд ва узви дастаи яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар шаванд.
OriyonJob раванди ҷустуҷӯи корро осонтар мекунад: корҷӯён метавонанд дар чанд қадам маълумотномаи (резюме) худро тартиб диҳанд, мавқеъ ва шаҳри дилхоҳро интихоб намоянд, маълумот оид ба таҳсилот, таҷриба ва малакаҳои касбиро илова намоянд — ҳамаи ин дар интерфейси осон ва қулай.
Бартариятҳо:
• Шароити шаффоф ва музди меҳнати муносиб. • Имкониятҳо барои рушди касбӣ ва мансабӣ. • Муҳити муосири кор ва шароити бароҳат. • Дастаи муттаҳид ва баландтаҷриба • Эътимодноки ва устувории ширкат бо арзишҳои пойдор.
Айни замон ҷойҳои холии зерин кушодаанд:
• Коршиноси қарзӣ
• Иқтисодчӣ (муҳандиси) баҳодиҳи амволи гарав
• Таҳиягари Junior Frontend
• Таҳиягари Frontend (Middle)
• Таҳиягари SQL/PL-SQL Oracle (Middle)
• Таҳиягари пуштибони Python (Middle)
• Озмоишгари Junior QA
• Менеҷери лоиҳа
• Маъмури Маркази тамос
• Мутахассиси Хадамоти комплаенс
• Ҳуқуқшинос-маслиҳатчӣ
• Маркетологи рақамӣ (диджитал маркетолог)
• Мутахассиси SMM (SMM-специалист)
• Бизнес-таҳлилгар
OriyonJob натанҳо як сомона барои дарёфти кор аст, балки қадами аввалини шумо ба сӯи касби мувофиқ дар муҳити боэътимод ва босуръатрушдёбандаи фазои бонкӣ мебошад. Платформа аллакай дастрас аст, ояндаи касбии худро аз худи ҳозир бо Ориёнбонк оғоз кунед: https://job.oriyonbonk.tj.
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014