Logo

Ориёнбонк шабакаи устувори ҳисоббаробаркуниҳоро миёни Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс, роҳандозӣ мекунад.

11.04.2025

Image

Дар ҳошияи форуми байналмилалии AIM Congress 2025, ки дар шаҳри Абу-Даби баргузор гардид, намояндагони Ориёнбонк мулоқоти кории ҳадафмандонаро бо намояндаи First Abu Dhabi Bank (FAB), ки яке аз бонкҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб ба шумор меравад, баргузор намуданд. Мавзӯи асосии музокирот - баррасии марҳилаи ниҳоии ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, миёни ду бонк. Ориёнбонкро дар вохӯрӣ Муовини Раиси Раёсат Анваров Ш.А. ва Сардори Маркази ҳисоббаробаркунӣ Хайдаров Д.Ш. намояндагӣ мекарданд. Аз ҷониби First Abu Dhabi Bank бошад хонум Сунам Субҳакэран - Директори иҷроия оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Амрико дар вохурӣ иштирок варзид. Дар рафти музокирот ҷанбаҳои техникӣ ва ташкилӣ баррасӣ гардиданд, инчунин меъёрҳои комплаенс. First Abu Dhabi Bank ҳамчун шарики стратегӣ дар самти амалиётҳои байналмилалии Ориёнбонк дар кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс (GCC) ва дигар самтҳои калидӣ, арзёбӣ мегардад. Таъсиси шабакаи мустақими ҳисоббаробаркунӣ имкон медиҳад, ки хароҷотҳои амалиётӣ коҳиш ёбанд, эътимоднокии интиқолҳои фаромарзӣ афзоиш ёбанд ва мизоҷон ба шабакаҳои молиявии байналмилалӣ, дастрасии самараноктар пайдо намоянд.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014