02.09.2024
Ориёнбонк оиди як қадами муҳим дар рушди инфрасохтори молиявии худ хабар медиҳад: мо дар яке аз бузургтарин бонкҳои исломӣ – Al Rajhi Bank ҳисоби муросилотӣ кушодем. Ин шарикии стратегӣ барои мо уфуқҳои навро мекушояд ва ба мизоҷони мо имкониятҳоро фароҳам меорад ва дурнамои навро дар соҳаи хизматрасонии байналмилалии молиявӣ пешниҳод мекунад.
Аҳамияти кушодани ҳисоби муросилотӣ
Ҳисоби муросилотӣ дар Al Rajhi Bank як қадами муҳим дар таҳкими ҳузури байналмилалии мо ва тавонмандсозии мизоҷони мост. Al Rajhi Bank, ки дар Арабистони Саудӣ таъсис ёфтааст, яке аз бонкҳои пешрафтаи исломӣ дар ҷаҳон бо шабакаи васеи филиалҳои байналмилалӣ ва муносибатҳои муросилотӣ мебошад.
Манфиатҳои кушодани ҳисоби муросилотӣ дар Al Rajhi Bank Бонк:
1. Васеъ кардани шабакаи ҷаҳонӣ: шарикӣ бо Al Rajhi Bank ба Ориёнбонк имкон медиҳад, ки робитаҳои худро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тавассути васеъ кардани шабакаи муносибатҳои муросилотӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонии молиявӣ мустаҳкам кунад.
2. Соддагардии амалиётҳои молиявӣ: ҳисоби муросилотии мазкур барои оптимизатсия ва соддагардонии амалиётҳои молиявӣ, аз ҷумла интиқолҳо ва ҳисобҳои байналмилалӣ имкониятҳои иловагиро фароҳам меорад.
3. Беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ: ҳамкорӣ бо яке аз бонкҳои пешрафтаи исломӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба мизоҷони худ доираи васеи хизматрасонҳои баландсифатро дар амалиётҳои молиявии байналмилалӣ пешниҳод намоем.
4. Баланд бардоштани эътимоднокӣ ва амният: шарикӣ бо бонки бонуфузи байналмилалӣ ба монанди Al Rajhi Bank қобилияти моро барои расонидани хидматҳои боэътимод ва бехатари молиявӣ тавассути эҷоди эътимоди муштариён тақвият медиҳад.
Кушодани ҳисоби муросилотӣ дар Al Rajhi Bank барои мизоҷони мо имкониятҳо ва манфиатҳои нав, аз ҷумла амалиётҳои боэтимоди байналмилалӣ ва интиқоли зудтари маблағҳо ва боэътимодро дар кишварҳое, ки Al Rajhi Bank шабакаи худро дорад, мекушояд. Ин як қадами муҳим барои Ориёнбонк аст, ки мавқеи моро дар арсаи ҷаҳонии молиявӣ тақвият медиҳад ва хизматрасониҳои моро васеъ мекунад.
Мо итминон дорем, ки ҳамкорӣ бо Al Rajhi Bank ба мо имкон медиҳад, ки ниёзҳои муштариёнамонро боз ҳам самараноктар қонеъ гардонем ва ба онҳо хидматҳои босифати молиявӣ расонем. Ориёнбонк саъйи худро барои такмил додани хизматрасониҳои бонкӣ идома медиҳад ва омода аст, ки барои рушди иқтисодӣ ва молиявӣ имкониятҳои навро фароҳам орад.
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014