Logo

Ориёнбонк: Саҳмгузорӣ дар рушди маориф ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ

26.12.2024

Image

Маориф - асоси ояндаи ҳар як кишвар мебошад. Ориёнбонк, ҳамчун бузургтарин бонки корпоративии Тоҷикистон, аҳамияти дастгирии ташаббусҳои маъорифро эътироф намуда, дар рушди низоми маориф чи дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона мусоидат менамояд.

Дар остонаи Соли нави мелодӣ, мо ба як қатор муассисаҳои давлатии таълимии Тоҷикистон нусхаи аудиоии китоби «Тоҷикон»-и олими барҷаста ва академик Бобоҷон Ғафуровро ҳадя кардем, аз ҷумла ба Муассисаи давлатии таълимии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёнаи ба номи Ю.А. Гагарин»-и шаҳри Душанбе китоби мазкур дастрас карда шуд. Китоби мазкур муаррифгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ба шумор рафта, дар таҳкими равобити фарҳангии байни кишварҳо замина мегузорад.

Лоиҳаи таҳияи аудиокитоби мазкур пурра аз ҷониби Ориёнбонк маблағгузорӣ шуда, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 бахшида шудааст. Ин на танҳо китоб, балки як нақли зинда дар бораи гузаштаи қаҳрамонона, анъана ва фарҳанги халқи тоҷик аст, ки дастраси омма мебошад.

Ориёнбонк аз он ифтихор мекунад, ки ташаббуси оммавӣ гардондани дониш ва фарҳанги Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Аудиоикитоби «Тоҷикон» на танҳо барои мактабҳо, балки дастраси умум аст, то ҳар кас тавонад бо ин асари барҷаста ошно гардад.

Мо итминони комил дорем, ки чунин иқдомҳо равобити байналмилалиро таҳким бахшида, ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад ва насли навро ба омӯзиши таъриху фарҳанг илҳоми тоза мебахшад. Ориёнбонк минбаъд низ лоиҳаҳои таълимиро, ки ба рушду пешрафт мусоидат мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.

Бо Ориёнбонк - ба ояндаи дурахшон!

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014