13.05.2025
Ориёнбонк мутахассисони болаёқат ва пуртаҷрибаро даъват мекунад, ки ба дастаи мо ҳамроҳ шаванд. Агар шумо ҷӯёи пешрафти касбӣ бошед, кори даставиро қадр кунед ва хоҳишманд бошед, ки қисми як ташкилоти боэътимоду нерӯманд шавед — мо шуморо ба тими худ хайрамақдам мегӯем!
Номи вазифа: Коршиноси қарзӣ
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Қабули дархостҳои муштариён ва баррасии он;
• Таҳлили ҳаматарафаи тиҷорати муштариён;
• Омода намудани ҳисоботҳои молиявӣ;
• Пешниҳод ба кумитаи қарзӣ ва ҳимояи уҳдадорӣ ва ҷувздони қарзӣ;
• Мониторинги қарзҳои додашуда;
• Риояи интизоми меҳнат ва иҷрои супоришҳо;
• Риоя намудани талаботҳои дохилии Бонк, дастурамалҳои БМТ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Талабот ба номзад:
Маълумот: олӣ
Таҷрибаи корӣ: 3 сол
Синну сол: аз 20 то 45 сола
Малакаҳои касбӣ: Доштани маълумоти иқтисодӣ, малака дар соҳаи бонкӣ аз он ҷумла, дар самти таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурду миёна.
Забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).
Дигар талаботҳо: надоштани доғи судӣ, пешниҳод намудани хислатнома аз ҷои кори пештара (аз ҷониби Бонк оид ба хислат ва обрӯи корманд таҳлил гузаронида мешавад).
Номи вазифа: Иқтисодчӣ (муҳандиси) баҳодиҳи амволи гарав
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Баррасӣ намудани дархостҳо ва сари вақт тайёр намудани санадҳои баҳодиҳӣ;
• Муомилаи хуб бо кормандон ва муштариён;
• Донистани бозори амволи манқул ва ғайриманқул;
• Саривақт иҷро намудани супоришҳои аз ҷониби роҳбарият додашаванда;
• Таҳлил ва такмилдиҳии баҳогузории амволи манқул ва ғайриманқул ба гарав супурдашаванда.
Талабот ба номзад:
Маълумот: олии техникӣ (сохтмонӣ)
Таҷрибаи корӣ: 5 сол
Сину сол: аз 20 то 45 сола
Малакаҳои касбӣ: малака дар соҳаи бонкӣ аз он ҷумла, дар самти баҳодиҳии амволи гарав.
Забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ
Дигар талаботҳо: надоштани доғи судӣ, пешниҳод намудани хислатнома аз ҷои кори пештара (аз ҷониби Бонк оид ба хислат ва обрӯи корманд таҳлил гузаронида мешавад).
Мо пешниҳод мекунем:
• Ҷадвали кории панҷрӯза аз соати 08:00 то 17:00;
• Маоши рақобатпазир;
• Имкониятҳои таълим ва рушд;
• Коллективи дӯстона ва дастгирикунанда;
• Имкониятҳои хуб барои рушд, чорабиниҳои даставӣ ва дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби корхона;
• Муҳити кории устувор ва замонавӣ;
• Шароитҳои мусоиди корӣ ва дастгирии роҳбарият;
• Эътирофи муваффақият ва имкони пешравӣ дар дохили ширкат.
Маълумотномаи худро ба суроғаи электронии hr@oriyonbonk.tj ирсол намоед ва ба тими мо ҳамроҳ шавед!
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014