30.04.2025
Имруз мо барои хонандагони Contofield International School ва Гимназияи хусусии Саидумар экскурсия ва дарси маърифатнокии молиявӣ ташкил намудем. Мавзуи соли 2025 — "Protect your money, secure your future!" ("Пулатонро муҳофизат кунед, ояндаи худро таъмин намоед!").
Дар рафти экскурсия хонандагон бо фаъолияти бонк шинос шуданд, принсипҳои нигоҳдории маблағҳо, қарздиҳӣ, пардохтҳои электронӣ ва истифодаи бехатари хизматрасониҳои молиявиро омӯхтанд.
Global Money Week ҳамасола таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) баргузор шуда, беш аз 170 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад.
ҶСК «Ориёнбонк» аз хонандагон ва омӯзгорон барои иштироки фаъолона ва таваҷҷуҳ ба соҳаи молия изҳори миннатдорӣ менамояд. Мо бовар дорем, ки сармоягузорӣ ба дониш имрӯз — заминаи ҷамъияти молиявии устувори фардо хоҳад буд.
Фиристодан
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369
Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj
Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон
Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00
Якшанбе рузи истироҳат
Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе
©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"
Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014