Logo

20 соли Visa дар Тоҷикистон: эътирофи дастовардҳо ва ҷоизаҳо барои бонки мо

17.12.2024

Image

Дирӯз ширкатии VISA 20-умин солгарди фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт ва нақши калидии инноватсия ва шарикӣ дар рушди бахши бонкии кишварро таъкид намуд. Ба ифтихори ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, маросими бошукӯҳе бо иштироки намояндагони тамоми бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла бонки мо, баргузор гардид.

Ин чорабинӣ на танҳо ҷашни муҳим, балки имконияти қадрдонӣ намудани саҳми бонкҳо дар рушди экосистемаи молиявии кишвар низ гардид. Ширкати VISA барои дастовардҳои намоён, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкорӣ вобастаанд, шарикони худро қадрдонӣ намуд. Бонки мо бо ифтихор соҳиби якчанд ҷоизаҳои бонуфуз гардид, ки талошҳои моро барои навовариҳо инъикос мекунанд, аз ҷумла:

• First Tap-to-Phone Launch – барои татбиқи муваффақонаи аввалин технологияи Tap-to-Phone дар Тоҷикистон, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, тавассути смартфон пардохтҳоро қабул кунанд.

• Visa Risk Manager Adoption Excellence– барои истифодаи барҷастаи Visa Risk Manager дар самти баланд бардоштани амнияти амалиётҳо ва ҳифзи мизоҷон.

• New Visa Premium Card Issuer – барои ба роҳ мондани кортҳои нави премиалии VISA, ки имконоти мизоҷони моро васеъ мегардонанд.

• Leading Tajikistan’s Fully Certified Visa Connected Processor – аввалин бонки дорои протсессинги худии пурра сертификатдори VISA дар кишвар.

• First VCAS Implementation in Tajikistan – барои татбиқи нахустини Visa Consumer Authentication Service, ки ҳифзи амнияти пардохтҳои онлайнро таъмин мекунад.

Ин ҷоизаҳо садоқати моро ба рушди технологияҳои муосири бонкӣ, дастгирии мизоҷон ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, ки ба хизматрасонӣ ва амният мусоидат мекунанд, инъикос менамоянд.

Ташаккури самимии худро ба ҳамаи кормандон, мизоҷон ва шарикон барои эътимоде, ки моро ба рушди бештар водор месозад, мерасонем!

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2025, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014