ИШТИРОК КУНЕД

Logo

Натиҷаҳои даври дуюми Иқдоми бузург аз Ориёнбонк

29.10.2024

Image

Санаи 22 октябри соли 2024 даври дуюми Иқдоми бузург аз Ориёнбонк баргузор гардид, ки дар байни мизоҷон шавқу ҳаваси бепоён ба вуҷуд оварда, иштироки фаъолонаи онҳоро нишон дод. Мо хурсанд аз онем, ки натиҷаҳоро муайян намоем ва ғолибони худро табрик кунем!

Ғолибони даври дуюм:

1. Абдуллоева Тулахон Абдуламитовна аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иҷрои яке аз шартҳои Иқдом – бо қабул намудани интиқоли маблағ аз хориҷа соҳиби хонаи истиқомати дар шаҳри Душанбе гардид.

2. Давлатов Холиқназар Мирзоевич аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ба туфайли фармоиши корти «Корти миллӣ» аз Ориёнбонк ва гирифтани интиқоли маблағ соҳиби электромобили BYD e2 гардид.

3. Шукуров Шоҳрухчон Равшанҷонович аз ноҳияи Бобочон Ғафуров, вилояти Сугд бо гирифтани корти "Корти Милли" аз Ориёнбонк инчунин, қабули интиқоли маблағҳо соҳиби мошини электрикии BYD e2 гардид:

Мо ҳамаи ғолибонро самимона табрик менамоем ва ба иштирокчиёне, ки ин Иқдомро фаромӯшнашаванда кардаанд, ташаккур мегӯем!

Ғолибон чи гуна муайян гардиданд:

Интихоби ғолибони Иқдом тавассути пахши мустақим дар шабакаҳои Facebook ва Instagram баргузор гашт. Барои таъмини шаффофият ва адолат, барномаи махсуси ”рандомайзер” ҷиҳати муайян кардани ғолибон дар байни ҳамаи иштирокчиёне, ки шартҳои Иқдомро иҷро кардаанд, истифода шуд, аз он ҷумла: фармоиши кортҳо, қабули интиқолҳои байналмилалӣ, кушодани суратҳисобҳои амонатӣ ё гирифтани қарзи истеъмолӣ дар Ориёнбонк.

Иштирок дар даврҳои минбаъда

Агар дар даври дуюм ғолиб наомадед, руҳафтода нашавед! Шумо имкон доред, ки дар даврҳои навбатӣ иштирок намоед. Дар маҷмӯъ, то охири соли 2024 боз ду даври асосӣ ва як даври бонусӣ баргузор мегардад.

• Даври 3-юм - 25 ноябри соли 2024

• Даври 4-ум - 27 декабри соли 2024

• Даври бонусӣ - 27 декабри соли 2024

Чи тавр иштирок кардан мумкин аст

Барои иштирок, шумо бояд яке аз шартҳои дар сомонаи расмии бонк зикршударо иҷро намоед. Имрӯз ба Иқдом ҳамроҳ шавед ва яке аз ғолибони оянда гардед!

Ғолибони даври дуюмро табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ташаккур мегӯем. Барои маълумоти бештар, аз сомонаи мо назар кунед: www.oriyonbonk.tj.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014