ИШТИРОК КУНЕД

Logo

Ба тими мо ҳамроҳ шавед: имкониятҳо ва бисерзабониро барои худ бикушоед

03.07.2024

Image

Агар шумо дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нав бошед ва мехоҳед дар муҳити пешрафта ва бисерзабона рушд кунед, пас Бонки мо маҳз ҳамон ҷоест, ки забондонии шумо қадр карда мешавад ва дар амал татбиқ карда мешавад. Биеёд бубинем, ки чаро кор дар Бонки мо ба шумо имконият медиҳад, ки рушди касбиро ба даст оваред.

Ҳузури байналмилалӣ ва имкониятҳои васеъ Бо ҳамроҳ шудан ба Бонки мо, шумо як қисми шабакаи глобалӣ хоҳед шуд, ки дар он забони англисӣ воситаи асосии ҳамкорӣ бо муштариён ва шарикони байналмилалӣ мебошад. Забонҳои олмонӣ ва чинӣ дарҳоро ба бозорҳои калидии Аврупо ва Осиё боз мекунанд ва ба мо имкон медиҳанд, ки муносибатҳои дарозмуддат ба роҳ монем ва дар арсаи ҷаҳонӣ сарбаландона рақобат кунем.

Рушди коммуникатсия ва малакаҳои байнифарҳангӣ Кор дар муҳити бисёрзабона, ба шумо имконият медиҳад, ки малакаҳои муоширати байнифарҳангии худро такмил диҳед. Ин на танҳо ба шумо дар муоширати самаранок бо муштариён ва ҳамкорон кӯмак мекунад, балки шуури шуморо дар бобати амалияҳо ва стратегияҳои гуногуни тиҷорат дар саросари ҷаҳон, васеъ мекунад.

Навоварҳо ва дурнамо Фаъолияти Бонки мо ба рушди доимӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳо ва равандҳои нав, нигаронида шудааст. Забондонии шумо, аз ҷумла забонҳои англисӣ, олмонӣ ва чинӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия кунем ва онҳоро ба заминаҳои гуногуни фарҳангӣ мутобиқ созем. Шумо метавонед дар рафти таҳияи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ фаъолона иштирок варзед ва барои баровардан ба сатҳи комилан нав, сатҳи байналмилалӣ, Ориёнбонкро ҳамраҳӣ намоед.

Ба мо ҳамроҳ шавед ва қисми тими мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ гардед!

Маълумотномаи (резюме) худро ба hr@orienbank.tj ирсол намоед.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014