ИШТИРОК КУНЕД

Logo

Натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи соли 2024

23.07.2024

Image

Дар бинои Сарбонки ҶСК "Ориёнбонк" маҷлиси ҷамъбасти нимсола баргузор шуд, ки дар он нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 муҳокима карда шуданд. Роҳбарияти бонк ва кормандон барои муҳокимаи дастовардҳо ва инчунин муайян намудани стратегияи минбаъдаи Бонк ҷамъ омаданд.

Натиҷаҳои молиявӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2024:

  • Дороиҳо: 4,9 млрд. сомонӣ
  • Ӯҳдадориҳо: 3,5 млрд. сомонӣ
  • Сармоя: 1,4 млрд. сомонӣ
  • Сандуқи қарзӣ: 3,6 млрд. сомонӣ
  • Сандуқи амонатӣ: 1,7 млрд. Сомонӣ
  • Фоидаи соф: 219,0 млн. сомонӣ

Фоида ва масъулияти иҷтимоӣ

Даромади умумӣ дар нимсолаи якум 576,7 миллион сомониро ташкил дод. Хароҷотҳо бошанд дар ҳамин давра 357,6 миллион сомониро ташкил намуданд. Фоидаи софи бонк дар давраи ҳисоботӣ 219,0 миллион сомониро ташкил дод.

ҶСК "Ориёнбонк" ба табақаҳои ниёзманди аҳолии кишвар танҳо дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳаҷми 638,3 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ расонида аст.

Нақшаҳои минбаъда

Дар нимсолаи дуюми соли 2024 ташаббусҳо, маҳсулотҳои бонкӣ ва чорабиниҳои нав дар пешанд.

Кормандони Бонк, ки дар расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар маҷмӯъ рушди Бонк саҳми калон гузоштанд, бо ҷоизаи фахрии “Корманди Беҳтарин” сарфароз гардонида шуданд.

ҶСК "Ориёнбонк" ба рушди минбаъда ва мустаҳкам кардани мавқеи худ дар бозор кӯшиш мекунад.

Ба ҳамаи кормандон ва мизоҷони Бонк барои дастгирӣ ва эътимодият изҳори сипос менамоем!

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ОАО "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014