ИШТИРОК КУНЕД

Logo

КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ESQR'S BEST QUALITY LEADERSHIP AWARDS 2024

05.07.2024

Image

30 июни соли 2024 дар Брюссел (Белгия) Конвенсияи Байналмилалии ESQR’s Best Quality Leadership Awards 2024 баргузор шуд. Дар доираи ин чорабинӣ, ширкатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз Аврупо, Осиё, Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ, Африка ва Австралия бо ҷоизаи Best Quality Leadership Awards 2024 барои дастовардҳо ва навовариҳо дар самти сифат, сазовор шуданд.

Дар Конвенсия роҳбарони ширкатҳои маъруф аз тамоми дунё, коршиносони сатҳи олӣ, мутахассисони идоракунии сифат ва дипломатҳо ҳузур доштанд. Чорабинӣ беҳтарин мутахассисон ва намояндагони ширкатҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатиро ҷамъ овард, ки аз ҷониби Ҷамъияти аврупоии тадқиқоти сифат ташкил карда шуд.

Конвенсия ва маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи Le Plaza дар гаҳри Брюссел баргузор шуд. Дар доираи чорабинӣ, ESQR конфронси пагоҳирузӣ, ки санаи 30 июни соли 2024 баргузор карда шуд, ташкил намуд, ки дар он бо иштироки коршиносони идоракунии сифат, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳои иштирокчӣ дар бобати таҷрибаи худ дар соҳаи сифат, сӯҳбатҳо барпо карда шуданд.

ҶСК “Ориёнбонк” бо ҷоизаи бонуфузи “Пешсафӣ дар соҳаи сифат”, ки аз ҷониби Ҷамъияти аврупоии тадқиқоти сифат (ESQR) таҳия шудааст, сарфароз карда шуд. Ин ҷоиза дар асоси натиҷаҳои пурсишҳо, тадқиқоти афкори истеъмолкунандагон ва тадқиқоти маркетингӣ, ки муштариён, истеъмолкунандагон ва ғолибони собиқи ҷоизаи ESQR -ро дар бар мегиранд, дода мешавад.

Муовини Раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич, ҷоизаро аз номи Раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” муҳтарам Ҳасан Асадуллозода, қабул кард. Дар маросими ҷоизасупорӣ, Маҳмадамин Бозичаевич ба ташкилкунандагони Конвенсия барои сазовор донистан ва эътирофи сифати хизматрасониҳо Ориёнбонк, ташаккур гуфт. Маҳмадаминов М.Б. қайд карданд, ки Ориёнбонк борҳо барандаи ҷоизаҳои гуногуни байналмилалӣ дар соҳаи сифати хизматрасониҳои бонкӣ гардидааст ва минбаъд барои рушд ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ОАО "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014