ИШТИРОК КУНЕД

Logo

IV -умин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ

09.10.2024

Image

Аз 30 сентябр то 4 октябри соли 2024 дар Маркази таълимии «Сириус» -и шаҳри Сочи Олимпиадаи 4 -уми байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 550 нафар донишҷӯён аз 35 кишвари ҷаҳон, хусусан донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар маҷмуъ, 28 нафар мактаббачагон аз Русия ва 138 нафар донишҷӯ (аз ҷумла 82 нафари онҳо донишҷӯёни Федератсияи Русия ва 56 нафари дигар донишҷӯён аз кишварҳои гуногун) соҳиби ҷоиза ва ғолиби олимпиада гардиданд.

Аз 10 нафар донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар олимпиада иштирок доштанд, танҳо ба донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳмонов Лоиқ Шералиевич муяссар гардид, ки ғолиби озмун, соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва медал гардад.

Лоиқ Раҳмонов барандаи стипендияи барномаи махсуси ҶСК «Ориёнбонк» барои донишҷӯёни болаёқат буда, айни замон дар Идораи хавфҳои ҶСК «Ориёнбонк» ба ҳайси коромӯз фаъолият дорад. ҶСК "Ориёнбонк" барои истеъдодҳои ҷавон имкони беназиреро фароҳам меорад, ки онҳо дар яке аз калонтарин бонкҳои тиҷоратии кишвар фаъолияти касбии худро оғоз кунанд. Донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ҳамасола дар доираи барномаи махсуси дастгирии донишҷӯён ба коромӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Мо аз дастгирии ҷавонон хурсандем ва омодаем, ки онҳоро дар такмили ихтисосашон дастгирӣ намоем. Дарҳои мо барои онҳое, ки мехоҳанд дар бораи соҳаи бонкдорӣ маълумоти бештар гиранд ва дар рушди иқтисодӣ Тоҷикистон саҳм гузоранд, ҳамеша боз аст.

ҶСК «Ориёнбонк» Лоиқро бо пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти касбии минбаъдааш муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд! Иштирок дар чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба рушди малакаҳои зарурӣ барои бомуваффақият фаъолият кардан дар ҷаҳони муосири молиявӣ мусоидат менамояд.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014