ИШТИРОК КУНЕД

Logo

Қарзи “Дониш” — таҳсилот бидуни монеаҳои молиявӣ

28.08.2024

Image

Ориёнбонк барои қонеъ гардонидани эҳтиҷоти шумо маҳсулоти махсусгардонидашудаи қарзи "Дониш"-ро пешниҳод менамояд. Ин қарз на танҳо ба шумо кӯмак мекунад, ки тамоми хароҷоти зарурии таҳсилро пӯшонед, балки имконият медиҳад, ки иштирокчии Иқдоми бузург гардида, соҳиби хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва ё электромобил шавед!

Қарзи "Дониш" барои маблағгузории хароҷоти таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Мо мефаҳмем, ки таҳсилот як қадами калидӣ дар ҳаёти ҳамагон аст ва мо омодаем шуморо дар ин роҳи муҳим дастгирӣ намоем. Тавассути ин маҳсулот шумо метавонед бо ҳама лавозимоти зарурӣ барои омӯзиш ва таҳсил бидуни маҳдудиятҳои молиявӣ худро таъмин кунед.

Бартариятҳои қарзи "Дониш"

Шартҳои қулай: шартҳои қарзи мазкур ба эҳтиёҷоти шумо мутобиқ карда шудаанд ва ба шумо имкон медиҳанд, ки бидуни мушкилоти молиявӣ ба таҳсил диққат диҳед.

Суръати баланди гирифтани қарз: раванди гирифтани қарз бисёр осон ва фаврӣ аст ва ин ба шумо имкон медиҳад, ки соли хонишро бидуни таъхир оғоз кунед.

Дастгирии доимӣ: мутахассисони мо дар ҳама марҳилаҳо ба шумо кӯмак мекунанд ва ба ҳама саволҳоятон ҷавоб мегардонанд.

Бо гирифтани қарзи "Дониш", шумо на танҳо маблағгузории таҳсилро пайдо мекунед, балки иштирокчии Иқдоми бузург мегардед!

Хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе: Панҷ ғолиби хушбахт соҳиби хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе мегарданд.

Электромобилҳои BYD E2: Даҳ ғолиби дигар соҳиби электромобилҳои ҳозиразамони экологии BYD E2 мешаванд.

Онлайн-дархостро дар сомонаи мо гузоред: www. oriyonbonk.tj/iqdom ва имконияти бурди худро зиёд кунед!

Барои машварат ва кӯмак ба рақамҳои 2222 занг занед.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014