ИШТИРОК КУНЕД

Logo

БА МАЪЛУМОТҲОИ БАРДУРУҒ БОВАР НАКУНЕД!

17.10.2024

Image

Муштариёни гиромӣ, вақтҳои охир дар сомонаҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бардуруғу иғвоангез оид ба сиёсатмандон, тоҷирон, шахсони барҷастаи Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд. Инчунин оид ба Ориёнбонк, фаъолият ва роҳбарияти он мақолаҳои бардуруғ ва ба обрую нуфузи Бонк таъсиррасон ҷойгир карда мешаванд.

Ин гуна мақолаҳою маълумотҳо танҳо бо мақсади туҳмат ва паст кардани обрую нуфуз пахш карда мешаванд. Чунин маълумотҳо асосан аз ҷониби қаллобон ва ширкатҳои гуногун, ки мақсади онҳо пахш намудани маълумотҳои бардуруғ аст, пахш карда мешаванд.

Бинобар ин ба шумо тавсия медиҳем, ки ба маълумотҳое, ки дар сарчашмаҳои кушода, ба монанди Википедиа, сомонаҳои шубҳанок ва саҳифаҳои ғайрирасмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда шудаанд, бовар накунед. Агар ба шумо маълумоти дуруст ва дақиқ лозим бошад, ба сомонаҳои расмӣ, саҳифаҳои ширкатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳамчун расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, муроҷиат намоед. Аксарияти ширкатҳо рақамҳои телефонӣ ва суроғаҳои электронии расмӣ доранд, ки тавассути онҳо низ муроҷиат карда мешавад.

Бори дигар ба диққататон мерасонем, ки ба маълумотҳои гуногун бовар накунед ва аз амалҳои қаллобон ва ширкатҳои шубҳанок худро муҳофизат кунед.

Фиристодан

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 95/1 Ҳ/М: 20402972413691, РМА: 020003038, РЯМ: 350101369

Почтаи электронӣ: info@Oriyonbonk.tj

2222

Барои зангҳо дар дохили Тоҷикистон

+992 (37) 221 05 68+992 44 610 22 00

Барои зангҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон

+992 44 600 15 20

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон

Вақти корӣ

Рӯзҳои корӣ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

Якшанбе рузи истироҳат

Қабули шаҳрвандон: ҳар рӯзи шанбе

©️ 1991 - 2024, ҶСК "Ориёнбонк"

Иҷозатномаи БМТ таҳти №0000004 аз 30 январи соли 2014